Дастовардҳо дар 20 соли Истиқлолият
Мӯъминобод, 25 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Шӯъбаи маорифи ноҳияи Мӯъминобод тайи 20 соли Истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар ин давра дигаргуниҳои зиёде дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ рух додаанд. Тавре мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Саъдулло Раҳимов зимни сӯҳбат иброз дошт, дар ин давом шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 49 то 57 адад ва шумораи хонандагон аз 14878 то 19041 нафар расонида, шудааст. Инчунин 22 муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда, 9 муассисаи таълимии дигар тармиму таҷдид шудааст. Саъдулло Раҳимов афзуд, ки хонандагони мактабҳои ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд. Ҳоло шӯъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Мӯъминобод дорои 346 адад компютер ва 48 адад принтер буда, ба хонандагон барномаҳои компютерӣ омӯзонида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






