Фаъолияти ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Николаево
Душанбе, 17 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 11 то 13 август сафари кории Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов дар вилояти Николаевои Украина сурат гирифт. Зимни мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи раиси маъмурияти давлатии вилояти Николаево Геннадий Николенко роҳбарияти вилоят ҷонибдории пайгиронаи худро аз рушди ҳамкории иқтисодӣ бо минтақаю вилоятҳои Тоҷикистон, барқарор намудани равобити истеҳсолии миёни корхонаҳои Украина ва Тоҷикистон, тарбияи мутахассисони соҳаи саноат ва зироат иброз дошт. Ҳамчунин дипломати тоҷик бо роҳбарияти Донишгоҳи миллии ба номи Макаров, ки донишгоҳи асосии техникии Украина маҳсуб мешавад, мулоқот намуд.Сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамчунин бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Николаево сӯҳбат намуд. Сафир зимни сӯҳбат ба шароити зиндагӣ ва кори ҳамватанон, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷамъият, ҳалли проблемаҳои мавҷуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






