Истеҳсоли ғалла 9 фоиз кам, дигар намуди кишоварзӣ -чӣ?
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамаи сохторҳои он дар 7 моҳи соли 2011 654 ҳазору 184 тонна ғалла, 255 ҳазору 295 тонна картошка, 481 ҳазору 734 тонна сабзавот, 215 ҳазору 984 тонна маҳсулоти полезӣ, беш аз 690 ҳазор тонна мева, 11074 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 18,6 фоиз картошка, 22,4 фоиз сабзавот, 0,7фоиз маҳсулоти полезӣ, 16,1 фоиз мева ва беш аз 14 фоиз ангур зиёд истеҳсол шудааст.Бино ба маълумоти манбаъ, истеҳсоли ғалла нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 9 фоиз камтар шудааст. Дар ин давра истеҳсоли ғалла дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермер) –и вилояти Суғд ба 66 ҳазору 781 тонна, вилояти Хатлон ба 475 ҳазору 975 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 60 ҳазору 691 тонна расонида шудааст. Ҷамъоварии ғалла, картошка, сабзавот меваю ангур дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо суръат идома дорад. Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки ҳосили имсолаи ғалла нисбат ба соли 2010 зиёдтар хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






