Кормандони ҷавони ВКХ ҶТ савганд ёд карданд
Душанбе, 25 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 23 август дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии 22 нафар кормандони ҷавони дастгоҳи марказии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст ба иҷрои хизмати давлатӣ шурӯъ кардаанд, баргузор гардид. Мутахассисони ҷавон ҳамчунин зимни суханрониашон савганд ёд карданд, ки ба Ватан содиқ монда, манфиатҳои давлату ҷомеа ва муқаддасоти Тоҷикистонро ҳифз менамоянд ва пос медоранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






