Таъсиси ҳайати тиҷоратии Афғонистон дар Тоҷикистон
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо сардори раёсати нерӯгоҳи бодии Палатаи савдо ва саноати шаҳри Қундузи Афғонистон Аҳмад Форуқ мулоқот намуд. Аҳмад Форуқ дар бораи фаъолияти созмонаш маълумот дода гуфт, ки онҳо мехоҳанд дар Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, чустуҷӯи шарикони ҳамкорӣ ва таҳлили вазъи бозор ҳайати тиҷоратӣ таъсис диҳанд. А. Карамалиев пешниҳоди ӯро маъқул шумурда зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ҶТ баҳри ташкили мулоқоти кории Тоҷикистону Афғонистон барои дарёфти шарикони ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби қонунгузории ҶТ мусоидат менамояд. Ӯ ҳамчунин ба ширкатҳо ва соҳибкорони Қундуз пешниҳод намуд, ки дар намоишгоҳҳои баргузор менамудаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ширкати фаъол намоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






