Дар Олмон Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил шуд

Сентябрь 26, 2011 11:01

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Берлини Олмон 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба муносибати ин санаи фархунда дар бинои Дойче – Банки Берлин маҷлиси ботантанаи қабул орост.Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маҷлиси қабул намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз рӯи масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ хонум Патрисия Флор, вакилони Бундестаги Олмон кормандони олимақоми идораи Канслери федералии Олмон, роҳбарони ниҳодҳои вазоратҳои федералии иқтисод ва технология, мудофиа, корҳои дохилӣ, ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ ва мақомоти дигари давлатии Олмон, сардорон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Берлин, ҳамчунин аҳли тиҷорат, олимони намоёни немис, аъзои Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон, донишҷӯёни тоҷик, намояндагони матбуот ва созмонҳои байналмилалии Олмон ширкат доштанд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Хунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азалия Галиаҳметова дар ҳузури иштирокдорони маҷлиси қабул ҳунарнамоӣ намуданд. Дар толори бинои Дойче – Банк расмҳои нави рассоми тоҷик Қодир Раҳимов ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Сентябрь 26, 2011 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад