Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Афғонистон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сентябрь 21, 2011 11:31

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми Тоҷикистонро аз шаҳодати Раиси Шўрои Олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба фарзандону пайвандони шодравон ва ҳамчунин ба мардуми шарифи Афғонистон бирасонад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз куштори даҳшатангези ин шахсияти ҷаҳонӣ ва дорои нуфузу эътибори бориз дар миёни тамоми қавму қабоили Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба марги устод Бурҳониддин Раббонӣ танҳо нерўҳое метавонанд манфиатдор бошанд, ки ҷонибдори идома ёфтани ҷангу ҷидол, ноормию бесуботӣ ва тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистонанд, зеро ин марди бузург барои барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рўзгори босаодати мардуми шарифи Афғонистон пайваставу мудом ҷаҳду талош мекард». Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо барои ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимӣ аз марги нобаҳангоми устод Бурҳониддин Раббонӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар доданд.

Сентябрь 21, 2011 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад