Эмомалӣ Раҳмон: «Шӯълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд»
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи борбад» бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор гардид.Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки: «Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик аст».Президенти мамлакат солҳои авввали истиқлолиятро ба ёд оварда, тазаккур дод, ки ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. «Бо вуҷуди ҳамаи ин, шӯълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба нерӯҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам», — гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Президент мӯътақид бар он аст, ки бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, мо доим таъкид месозем, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад. Дар фарҷом консерти идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






