Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон 80 — сола шуд
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Дар Конфронси илмию амалии байналмилалӣ, ки бахшида ба 80 — солагии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои рушди хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва проблемаю роҳҳои ҳалли онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Хотирнишон месозем, ки бо мақсади идораи устувор ва ҳифзи захираҳои ҷангал Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 83 – уми худ соли 2011 – ро Соли байналмилалии ҷангал эълон намуд.Дар оғози конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ин чорабинӣ қироат карда шуд.Дар ҷараёни конфронс зикр гардид, ки ҷанглззор дар иқтисодиёти ҷаҳон мақоми муҳимро касб намуда, даромади зиндагии як миллиарду 600 миллион нафар аҳолии сайёраамонро таъмин мекунад. Ҷангалзор талаботи муҳими иҷтимоию фарҳангиро таъмин намуда, тарзи анъанавии зиндагии бисёр халқҳои маҳаллӣ ба он такя менамояд.Дар кори Конфронси байналмилалии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони Қазоқистон, Украина, Молдова, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи конфронси байналмилалӣ буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






