Маҷлиси тантанавӣ дар Кохи бузурги Душанбе
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ин лаҳзаҳо дар толори муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.Дар маҷлиси тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нутқи табрикӣ намуда, ҷашни муқаддаси 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми Тоҷикистон самимона табрик гуфт.Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумати мамлакат, вакилони парлумони кишвар, ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ҳузур доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






