Мактаби байналмилалии олимони ҷавони ИДМ

Сентябрь 21, 2011 11:05

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 19 то 26 сентябр дар шаҳри Душанбе машғулияти Мактаби байналмилалии олимони ҷавони мамлакатҳои узви Иттиҳод таҳти унвони «Проблемаҳои муштараки физика ва астрофизикаи нерӯҳои баландшиддат» бо истифодаи озмоишгоҳи илмии дар Помирбудаи Маркази тадқиқоти илмии байналмилалии «Помир – Чақалтой» сурат мегирад. Мақсад аз машғулият дар мактаби мазкур идома ва рушд додани лоиҳаи тадқиқоти илмӣ бобати омӯзиши нерӯҳои баландшиддат дар қуллаҳои кӯҳсор мебошад.Ин чорабиниро Академияҳои илмҳои Русия ва Тоҷикистон бо пуштибонии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ созмон додаанд. Шнавандагони мактаб иборат аз олимони ҷавони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.Тавре директори Пажӯҳишгоҳи физикию техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Мӯъминов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ташкилкунандагони лоиҳа пеш аз ҳама чунин олимони ҷавонеро ҷамъ овардаанд, ки мехоҳанд нафақат сатҳи дониши худро дар соҳаҳои зикршуда илму техника зиёд кунанд, балки аз дастовардҳои охирин ва проблемаҳои мубрами ин соҳаҳо низ воқиф гарданд.

Сентябрь 21, 2011 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд