Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо Мирослав Енчу
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар доираи иштирок дар иҷлосияи 66 – уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню – Йорк роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчуро ба ҳузур пазируфт.Тавре дар идораи сиёсати хориҷии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот ҳамкорӣ аз рӯи масоили муҳими минтақавии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.Мувофиқи суханони манбаъ, Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин бо вазири давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал – Атия сӯҳбат намуд.Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории иқтисодии ду кишвар ва роҳҳои рушду таҳкими онро баррасӣ намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






