Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Теодор Алерс
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи гуногун бо маблағи умумии 220 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Дар зарфи 12 моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 38 миллион доллари амрикоӣ грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ҷудо гардидааст. Минбаъд ҳаҷми солонаи грантҳои ин бонк то 58 миллион доллари амрикоӣ афзун мегардад.Тавре зикр гардид, ин маблағҳо асосан ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, обу энергетика, маорифу тандурустӣ ва дастгирии бахши хусусию сохторҳои идораи маҳаллӣ равона мегарданд.Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар омўзиши иқтисодӣ-техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои ташхиси пурраи ин лоиҳа тобистони соли оянда пешниҳод хоҳад шуд.Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба нақшаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи КАСА – 1000 сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки масоили вобаста ба ин лоиҳа ҳафтаи оянда бо намояндагони чор давлати манфиатдор — Тоҷикистону қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар шаҳри Бишкек баррасӣ хоҳад шуд.Ба гуфти Теодор Алерс, дар сурати розигии 4 давлати мазкур, Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ин лоиҳаро дастгирӣ намуда, барои татбиқи он маблағ ҳам ҷудо намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Қирғизистон бе бунёди нерўгоҳҳои нав, ҳоло ҳам имкон доранд, ки дар фасли тобистон ба воситаи ин хат ба Афғонистону Покистон нерўи барқ интитқол диҳанд, аз ин хотир бунёди он бояд оғоз ёбад».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






