Ордени Тоҷикистон — барои саҳми арзанда
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 26 сентябри соли 2011 дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ, Мудири Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк баргузор гардид. Дар оғоз маросими супоридани Ордени Дӯстӣ ба муовини Дабири кулли СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳелен Кларк барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин орден сарфароз гардид. Дар мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Ҳелен Кларк дурнамо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






