Тоҷикистон ба Форуми байналмилалии тоҷирон даъват шудааст

Сентябрь 8, 2011 10:39

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). — 22 сентябр  дар  шаҳри  Алмаато  Форуми  байналмилалии тоҷирон  таҳти  унвони  «Тиҷорат дар  шароити Иттиҳоди  гумрукӣ ва  фазои  ягонаи  иқтисодӣ»  баргузор  мешавад. Форум  дар  чаҳорчӯбаи  барномаи  Кумитаи  ҳамоҳангсозии  Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо  ва  Осиё  бо  иштироки  намояндагони  роҳбарияти  ҳукуматҳои  давлатҳои  аъзои Иттиҳоди  гумрукӣ, Иттиҳоди  иқтисодии  Аврупо  ва  Осиё  ва давлатҳои  мушоҳиди  Иттиҳод,  Комиссияи  Иттиҳоди  гумрукӣ,  вазорату  идораҳои  миллӣ, аҳли тиҷорат, ниҳодҳои  молиявӣ,  ҷамъияти  коршиносон,  созмонҳои  ҷамъиятӣ  ва  иттиҳодияҳои  соҳавӣ  доир  мегардад. Дар  кори  форум  ҳайати  Тоҷикистон  низ  иштирок  менамояд.

Сентябрь 8, 2011 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад