Тоҷикистон дар мусобиқаи тирандозӣ ҷойи сеюмро касб намуд
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар мусобиқоти варзишгарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи тирандозӣ, ки 25 сентябр дар вилояти Суғд анҷом ёфт, дастаи Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи марказии Ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқот дастаи Русия, ки дар он тирандозони номӣ Сергей Черняховский ва Александр Ордин иштирок доштанд, мақоми аввалро касб намуд. Хотирнишон месозем, ки беҳтарин дастаҳои тирандозони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мусобиқа намуданд. Дастаҳо аз рӯи навъи тирандозӣ аз милтиқи пневматӣ ва таппонча, ҳамчунин милтиқи калибраш хурд қувваозмоӣ карданд. Ҷойи 2 – ум насиби дастаи Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






