Ҳаҷми маҳсулоти соҳаи моҳипарварӣ зиёд шуд
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти соҳаи моҳипарварӣ аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ 3,1 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,5% зиёд шуд.Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар давраи ҳисоботӣ миқдори умумии сайди моҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 217,9 тонна, аз ҷумла дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон аз ҳама бештар- 127,3 тонна, вилояти Суғд – 59,5 тонна ва дар ВМКБ – 25,9 тоннаро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ дар масоҳати 44 гектар барои парвариши моҳӣ ҳавзҳо бунёд гардид. То имрӯз ба ҷумҳурӣ 190,7 тонна хӯроки моҳӣ дохил шудааст, ки аз он ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон — 55,3 тонна, вилояти Суғд – 2 тонна ва Ваҳдат – 6,5 тонна ворид гардид. Дар ин давра хароҷоти сарфшуда барои парвариши моҳӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ зиёда аз 1 млн. сомониро ташкил дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






