Бокс :ғолибон муайян шуданд.
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дар давоми се рӯз дар маҷмааи тозабунёди Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бокс барои ҷоми клуби «Шоҳона» гузаронида шуд. Байни бонувон дар вазни 48 кг Шабнам Раҳимӣ аз Афғонистон, дар вазни 57 кг Шаҳноза Умматшоева аз шаҳри Кӯлоб ва дар вазни 64 кг Мавзуна Чориева аз клуби «Шоҳона» соҳиби ҷойи аввал шуданд. Байни мардон дар вазнҳои худ Файзмаҳмад Малахбеков, Алиҷон Мирзоев, Собир Назаров ва Меҳроҷ Каримов аз шаҳри Душанбе, Ҳабиб Марадисейнов аз Бадахшон, Ҳасан Мӯсоев, Субҳон Холов, Рустам Раҳмонов ва Константин Макраусов аз клуби «Шоҳона», Жағисбек Жусипов аз Қазоқистон ғолиб омаданд. Дар ҳисоби даставӣ ғолибият насиби клуби «Шоҳона» гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






