Боздиди раиси вилояти Суғд аз «Кохи матбуот»

Октябрь 24, 2011 16:49

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти журналистони вилоят аз «Кохи матбуот»- и вилоят боздид намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки Қ. Расулзода дар ин бинои мӯҳташам бо ҳайати эҷодии рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Варорӯд», «Тирози ҷаҳон» ва бо дигар рӯзноманигорон сӯҳбати самимӣ анҷом дод. Қоҳир Расулзода зимни сӯҳбат, аз ҷумла гуфт, ки бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ва бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои «Кохи матбуот» бунёд гардида ва он  боиси ифтихору сарбаландист.Зикр бояд намуд, ки рӯзноманигорони нашрияҳои вилоятӣ солиёни тӯлонӣ дар биноҳои ноободу шароити номувофиқ кору эҷод мекарданд. — Бовар дорам, ки журналистон минбаъд дар утоқҳои кории барҳавову замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техникаи муосир баҳри инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар беш аз пеш саҳм мегиранд, — гуфт раиси вилоят дар хотимаи мулоқот бо намояндагони ВАО.

Октябрь 24, 2011 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд