Бозиҳои интихобии мунтахаби ҷавонон.

Октябрь 25, 2011 13:27

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол вохӯрии нахустини худро дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё бо дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн мегузаронад. Тавре ки хабар дода будем, дар гурӯҳи «Б» якҷоя бо дастаи Тоҷикистон дастаҳои Баҳрайн, Бутан, Кувайт, Урдун ва Қатар барои ду роҳхат ба бозиҳои ниҳоии ҷоми Осиё қувва меозмоянд. Имрӯз дар ин гурӯҳ инчунин дастаҳои Қатар ва Бутан ба ҳам рақобат мекунанд. Сармураббии дастаи мунтахаб Ораз Назар 23- нафар бозингарро ба ин бозиҳо бурдааст, ки инҳоянд: Баҳодур Шамсов, Алишер Шарипов, Алиҷон Азизов, Бахтиёр Азимов, Фахриддин Сафарзода, Даврон Ҳабибуллоев, Абдулло Саидов, Фирӯз Юсупов, Шӯҳратҷон Юсупов, Абдурасул Раҳмонов, Фаридун Шарипов, Далер Раҷабов, Шодмони Тағойзода, Сулаймон Мирзомуродов, Фирӯз Рахматов, Шавкат Ҳотам, Ҷахонгир Эргашев, Шаъбон Раҳматзода, Фирӯз Қараев, Фирдавс Тусматов, Атей Алифбеков, Зафар Раҳимов, Мӯъминҷон Гадойбоев. Дастаҳо вохӯриашонро дар варзишгоҳи «Qatar Sports Club Stadium» барпо менамоянд. Вохӯрии дастаҳои гурӯҳи «А» низ шоми имрӯз бо вохӯрии дастаҳои Уммон бо Арабистони Саудӣ ва Бангладеш бо Малдив  шурӯъ мешаванд. Бозиҳои дастаи мунтахаби гурӯҳи «А» дар кишвари Тайиланд мегузаранд.

Октябрь 25, 2011 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!