Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Октябрь 28, 2011 15:27

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Собиқ  раиси  шаҳри  Маскав  Юрий  Лужков  иддаои  ҳукуматдоронро  нисбат ба  худ  ва  ҳамсараш Елена Батурина  баҳонаи  қалбакӣ  қаламдод  кард. Аз ин  пеш  Лужков  гуфта  буд, ки  парванда дар  бораи  талаю  тороҷгарии  ӯ   баҳонаи   сиёсӣ аст.хххМаҷаллаи «Фокус»  мақоми  навбатии  хонумҳои  бонуфузтарини  Украинаро   дарҷ  намуд. Аз он маълум  мешавад, ки собиқ  сарвазири  Украина  Юлия  Тимошенко дар  ин озмун  чун  пештара  мақоми  аввалро  касб  намудааст. хххНаҷотдиҳандагони  Туркия писарбачаи  13 – соларо, ки  тӯли  108  соат  зери  шикастпораҳои   бинои бар  асари  зилзила фурӯрафта қарор  дошт,  аз  зери  вайронаҳо  берун намуданд.  Дар  давоми  тамоми  мӯҳлати  иҷрои  корҳои  наҷотдиҳӣ  185 нафар  аз  зери вайронаҳо  бароварда шудаанд.хххВазорати  корҳои  дохилии  Русия  ваъда  дод, ки  агар  ҳамсари  собиқ  раиси  шаҳри  Маскав  Елена  Батурина  барои  пурсиш  аз рӯи  парвандаи дуздию  ғоратгарӣ дар «Бонки Маскав» ҳозир  нашавад,  ӯро  ба қайди ҷустуҷӯи Интерпол  медарорад. Пурсиши  собиқ  раиси  шаҳри  Маскав  Юрий  Лужков  ба  28  октябр  тайин  шуда буд, вале  номбурда  сафар ба  хориҷаро  баҳона  карда,  ба  макони  муқарраршуда ҳозир  нашуд.хххВазири  корҳои  хориҷии  Эрон  Алиакбар  Солеҳӣ  иброз дошт, ки  кишвараш  аз  Интерпол  дархостеро  барои  ҳабси  Ғулом Шакурӣ  ном шахсе гирифтааст. Ғулом  Шакурӣ  нафарест, ки   дар Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  ӯро  ба омодагӣ  ба  сӯиқасд  ба  ҷони  сафири Арабистони  Саудӣ  дар  Вашингтон  гумон  мебаранд. Вазир  дар  баробари  ин  зикр  намуд, ки  дар  Эрон  қариб 150  кас  ҳамноми Ғулом Шакурӣ  мебошад. хххБа  4  нафар  кормандони олимақоми  Прокуратураи  Генералии  Украина,  аз ҷумла  ба  муовини  аввали  Прокурори  Генералӣ иҷозати  сафар  ба  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  дода нашуд.  Мувофиқи  маълумоти  нашрияи «Фокус»,  сафорати  Амрико  ба  шахсони  номбурда  раводид надода,  изҳор  намуд, ки  «сафари  шумо  ба  кишвари  мо номатлуб  аст».ххх Собиқ  раиси  шаҳри  Маскав  Юрий  Лужков  роҳбари  маъмурияти президенти Русия Сергей  Наришкинро  ба  суд  додааст. Юрий  Лужков аз  мансабдори  номбурда талаб  намуд, ки барои  расонидани  зарари  маънавӣ  ба  вай  баробари як  миллион  рубл  ҷубронпулӣ  диҳад. хххСарвазири  Ҷопон  Есихико Нода бо  мақсади  барномаи  ҳукуматро  ҷиҳати  зиёд  намудани  андоз пуштибонӣ  кардани  аҳли  ҷамъият  аз 30  фоизи  маошаш  даст  кашид. хххСокини 120 – солаи қасабаи    Карингаҷи музофоти Ассоми Ҳиндустон бо  хонуме  ақди  никоҳ  кард, ки  синнаш  ду  баробар  аз  ӯ  ҷавонтар  аст. Дар  маросими  ақди  никоҳ  қариб  500 кас  ҳузур   дошт.хххПрезиденти  Беларус  Александр  Лукашенко  баъзе  журналистони  васоити  ахбори  оммаи  расмиро  бо  нишонҳо  мукофотонид.  Аз  ҷумла, сармуҳарири  рӯзномаи  «Беларуси  шӯравӣ» ва  муовини  ӯ, ҳамчунин  сармуҳаррири  рӯзномаи «Ҷумҳурӣ» мукофот  гирифтанд, ки онҳо  қаблан  ба «рӯйхати  сиёҳи» Иттиҳоди  Аврупо  шомил  буданд. хххТеъдоди  ҳалокшудагон  бар  асари   зилзила  дар  Туркия  ба  523  нафар  расидааст. Ҳамзамон 1650  нафар  сокинони  музофоти осебдидаи  Ван   захмию маъюб  шудаанд.  27  октябр  дар  музофоти  ҷанубии  Ҳақёрӣ зилзилаи нав  ба  қайд  гирифта  шуд.                                                    

Октябрь 28, 2011 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд