«Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Чанде пеш бахшида ба 100-солагии зодрӯзи арбоби барҷастаи адабиёти муосир, мунодии сулҳу ваҳдат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизадори мукофотҳои олии давлатии шӯравию байналмилалӣ Мирзо Турсунзода дар Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли зиё, адибону рӯзноманигорон, омӯзгорону табибон, кормандони корхонаву муассисаҳои маркази вилоят, ходимони ҷамъиятӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат ҷамъомад доир гардид. Сипас аҳли ҳунари театр намоишномаи тозаэҷоди худ — «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»-ро намоиш доданд, ки он ба қалами адабиётшиноси маъруф, доктори илми филология Отахон Сайфуллоев тааллуқ дорад.Намоишномаро Арбоби шоистаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ ба саҳна гузоштааст. Дар нақшҳои асосии ин асари иҷтимоии шавқовару ибратомез Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Алиматов ва Зулфия Тӯйчиева, Ҳунарпешаҳои шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамид Каримов, Абдураҳмон Ашӯров, Неъматҷон Дӯстматов ва Малоҳат Абдушукурова, ҳунарпешаҳои номдор Асрор Камолиддинов, Ҳакимҷон Аҳмадов ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






