Даъвати Ҳ.Зарифӣ

Октябрь 12, 2011 09:55

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). – Вазири  корҳои  хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  дар  иҷлосияи   даҳуми  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  кишварҳои аъзои Муколамаи  осиёии  ҳамкорӣ  суханронӣ  кард. Тавре   ба  АМИТ «Ховар»  дар  Раёсати  иттилоот,  матбуот,  таҳлил ва  тарҳрезии  сиёсати  хориҷии  Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд,  роҳбари ВКХ  Тоҷикистон  зимни  суханрониаш,  аз  ҷумла,  таъсири  бӯҳрони  молиявӣ  ба  иқтисодиёти  ҷаҳон  ва  роҳҳои  баромадан  аз он, имконияти   сармоягузорӣ ва  истифодаи  захираҳои табиӣ ба  нафъи   кишварҳои  Осиёро  зикр  намуда,  ҳамчунин  таваҷҷӯҳи  ҳозиронро  ба  масоили  технологияҳои  иттилоотӣ,  нақлиёт  ва  муҳити  зист  ҷалб  кард.Дар  ҷараёни  машварат  ҷониби  Кувайт  пешниҳод  намуд, ки соли  2012  Ҳамоиши  кишварҳои Осиё  доир  карда  шавад, ки  дар  он  иштирокдорон  метавонанд,  проблемаҳои  мухталифи  кишварҳои  минтақаро   мавриди  муҳокима  қарор  диҳанд.Ҳамрохон  Зарифӣ  дар  хотимаи  суханрониаш  кишварҳои иштироккунандаро  ба  мулоқоти  11 – уми вазирони  корҳои  хориҷии  Муколамаи  осиёии  ҳамкорӣ  даъват  намуд, ки  он  бояд  соли  2012  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  гардад.

Октябрь 12, 2011 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!