Хуҷанду Табрез бародаршаҳр мегарданд?
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи сафари шаҳрдори Табрез Муҳандис Навин ба Тоҷикистон, ки имрӯз ҷараён мегирад, байни шаҳрҳои Хуҷанду Табрез паймони бародаршаҳрӣ баста мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби тавсеаи робитаю ҳамкориҳои шаҳрҳои Хуҷанду Табрез шурӯъ аз 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои фарҳангии шаҳри Табрез оғоз гардидааст. Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе, як ҳайати 50 нафараи фарҳангиёни табрезӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ҳайати мазкур дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Табрез дар Хуҷанд дар маркази маъмурии вилояти Суғд барномаҳои гуногуни фарҳангию тафреҳӣ — намоиши китоб, расму суратҳо, барномаи мусиқӣ ва намоишномаҳоро пешкаши хуҷандиҳо гардониданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






