Камшавии саршумори моли майда дар навоҳии Суғд

Октябрь 12, 2011 16:13

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Мутахассисон соҳаи чорводории вилояти Суғд  ҷиҳати рушди соҳа ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  шириву гӯштӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 6763 сар зиёд гардид. Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ вазъият ташвишовар буда, саршумори гӯсфанду буз нисбат ба соли 2010-ум 6065 сар кам шуд. Камшавии саршумор асосан аз ҳисоби ноҳияҳои Ашт (7768 сар), Ғончӣ (135 сар) ва Кӯҳистони Мастчоҳ  (157 сар) ба миён омадааст. Истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, истеҳсоли гӯшт баробари 102,2 фоиз, шир 101 фоиз, пашм 105,5 фоиз ва тухм 124,2 фоиз таъмин гардид.

Октябрь 12, 2011 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд