Муаррифии татбиқи READ дар Душанбе
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 18 октябри соли равон дар маркази «VEFA»-и шаҳри Душанбе муаррифии татбиқи Лоиҳаи грантии «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия (READ) марҳилаи 2-юм» баргузор мегардад.Мақсади асосии Лоиҳаи мазкур, ки дар асоси пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст, пурзӯр намудани иқтидор ва тавоноии мутахассисони Маркази миллии тестӣ ҷиҳати дохил шудан ба системаи ягонаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи равандҳои дастрас будан, ошкоро, хаққоният ва воқеиятбинона, системаи миллии арзёбии дониши хонандагон мебошад.Лоихаи мазкур имконият медиҳад, ки сифати дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тариқи имтиҳонҳои ягонаи дохилшавӣ ва гирифтани маълумоти олӣ беҳтар гардад.Инчунин, татбиқи Лоиҳаи грантии READ ва дастгирии Маркази миллии тестӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани системаи миллии арзёбии дониши хонандагон таҳкурсӣ гузошта, ба раванди чопи китобҳои дарсӣ ва бозомӯзии омӯзгорон таъсири мусбати худро мегузорад. Дар оянда баъд аз гузаштан ба системаи имтиҳонҳои ягонаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки дар барномаҳои байналмиллалии арзёбии дониши хонандагон иштирок намояндМблағи умумии лоиҳаи мазкур 3 400 000 (се миллиону чорсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва мӯҳлати татбиқи лоиҳа 3 солро дар бар мегирад. Саҳми ҶТ 400 000 (чорсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Лоиҳаи мазкур дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз тарафи Маркази миллии тестӣ татбиқ карда мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






