Мулоқоти котиби давлатии ИМА бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон, ки 22 октябр барои боздиди якрӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон омада буд¸ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.Ҳиллари Клинтон пеш аз оғози мулоқот, ки дар Маркази исмоилиёни пойтахт сурат гирифт, занони пешқадами Тоҷикистон, иштирокдорони Форуми иқтисодии занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро, ки аз 18 то 21 июли соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, муборакбод намуд. Сипас Ҳиллари Клинтон ба занони иштироккунандаи Форуми иқтисодӣ аз Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити иштирокаш дар чунин чорабинии муҳими занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуд.Ҳиллари Клинтон ҳамчунин ба бархе саволҳои марбут ба баровардани қӯшунҳои НАТО аз Афғонистон, мавқеи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қазияи Афғонистон, озодии занони афғон, равобити мутақобилаи ҳукумат ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мавқеи ИМА дар бахши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Ӯзбекистон, озодии сухан ва дину мазҳаб ҷавоб дод.Котиби давлатии ИМА, аз ҷумла, ба масъалаи Роғун дахл карда, гуфт, ки вай аз душвориҳои Тоҷикистон бинобар дар давраи зимистон кифоят накардани нерӯи барқ дарак дорад ва дар робита бо ин дар амал татбиқ намудани лоиҳаи калоне бобати сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун дар назар аст, ки имконияти татбиқи он ҳанӯз дар замони шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Қотиби давлатии ИМА гуфт, ки ӯ коршиноси бахши энергетика нест, вале «Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба тавсияҳои Бонки умумиҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ намуда, интизори натиҷаи фаъолияти коршиносон шавад ва ин масъаларо муфассал омӯзад. Бояд мавқеи барои Тоҷикистон беҳтар ба инобат гирифта ва роҳҳои қобили қабули ҳалли ин масъала пайдо карда шавад», гуфт Ҳиллари Клинтон.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






