Нақши калидии Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Стивен Ванакере дар Брюссел мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг муҳокима карданд.Сипас Сафир дар бораи дастовардҳои кишвар дар солҳои истиқлолият, имконияти иқтисодиву гидроэнергетикӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат, нақши калидии Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, саҳми кишвар дар бозсозии иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон, Р. Солиев ба мусоҳибаш роҷеъ ба рушди пайгиронаи муносиботи бисёрсамтаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маълумот дод.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, Стивен Ванакере ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои мутақобилан судманди миёни Белгия ва Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, омодагии мамлакаташро баҳри тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои бисёрсамтаи дуҷониба изҳор дошт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






