Намоишгоҳи байналмилалӣ дар «Кохи Борбад»
Душанбе, 18 октябр. ( АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирўз дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо иштироки намояндагони ширкатҳои мухталифи соҳаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон мизи мудаввар баргузор гардид.Зимни нишаст зикр гардид, ки рўзҳои 19-21-уми октябри соли ҷорӣ дар кохи Борбад бо ташаббуси ширкатҳои эронӣ намоишгоҳи байналмилалӣ роҷеъ ба чорводорӣ, паррандапарварӣ, саноати хўрокворӣ ва саноати кишоварзӣ доир хоҳад гардид. Асаналӣ Карамалиев – муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар, баргузории чунин намоишгоҳҳоро фоли нек хондаа ва иброз дошт, ки чунин намоишҳо дар самти рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ба вижа густариши паррандапарварию чорводорӣ дар мамлакат, таъсири мусбат хоҳанд гузошт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






