Намоишгоҳи «Инфрасохтори Тоҷикистон – 2011»

Октябрь 28, 2011 14:00

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова ). –  27  октябр  дар  шаҳри  Душанбе  беш  аз 50  ширкати   15 кишвари  ҷаҳон  маҳсулоти  худро  дар  намоишгоҳи  байналмилалии «Инфрасохтори  Тоҷикистон – 2011»  ба  маърази  намоиш   гузоштанд. Дар  маросими  расмии ифтитоҳи  намоишгоҳ  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шариф  Саид  зикр  намуд, ки  намоишгоҳ  омили  самарабахши  ривоҷи  робитаҳои  тиҷоратию  иқтисодии   кишвари  мо  мебошад. Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба рушди  соҳибкорӣ,  ҷалби  сармояҳои  хориҷӣ  ба  иқтисодиёти  кишвар,  рӯйи  кор  овардани  ҳамкории  мутақобилан  муфид  бо  аҳли  тиҷорати  кишварҳои  мухталиф  ва  рушду  густариши  тиҷорат  фаъолона  мадад  мекунад. Ба  гуфти  номбурда, мулоқот  дар  ҷараёни  фаъолияти  намоишгоҳ  заминаи  татбиқи  лоиҳаҳои нави  тақвият  бахшидани   ҳамкории  мутақобилан  муфид  ба  рушди  минбаъдаи  робитаҳоро   фароҳам  меорад.

Октябрь 28, 2011 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад