Расулов дар курсии вакилӣ нишаст

Октябрь 12, 2011 15:30

Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбег Расулов узви Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.  Ашӯрбег Расулов, ки  аз соли 2007 то ин давра вазифаи муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ дар бахши сохтмон ва молияро ба ӯҳда дошт, аз рӯйхати Ҳизби ҳалқӣ- демократии Тоҷикистон, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси  намояндагон интихоб гардид. Қаблан аз рӯйхати ҲХДТ Ҳусейн Алиев дар палатаи поёнии парлумони  мамлакат дар курсии вакилӣ менишаст. Мавсуф бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид.Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи палатаи поёнии парлумон мамлакат, ҳамзамон бо қарори  Маҷлиси намояндагон ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худиидоракунии маҳаллӣ марҳум, Сафаралӣ Раҷабов, ки 5 октябр бар асари сактаи қалб дар синни 56 -солагӣ аз олам даргузашт, қатъ  карда шуд.

Октябрь 12, 2011 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд