Равоншиносон ба беморони рӯҳӣ хизмат мерасонанд
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — 11 октябр дар маркази матбуотии ҷумхуриявӣ бо иштироки хабарнигорон дар робита ба солимии рӯҳӣ ва саломатии ҷомеа нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишаст таъкид гардид, ки ҳоло дар муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббии рӯҳӣ расонида мешавад. Равоншиносон низ ба беморони рӯҳӣ табобат мерасонанд. Тибқи омори расида Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2007-ум 25 равоншинос ва Донишгоҳи омӯзгорӣ 109 равоншиносро омода кардаанд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ айни замон дар чаҳон аз касалии рӯҳӣ қариб 500 миллион нафар азоб мекашанд.Дар робита ба ин беморӣ ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 10 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки ба гирифторони ин беморӣ ёрии амалӣ мерасонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






