Шӯрои туризми ИДМ баргузор гардид
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Рӯзҳои 21 — 22 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Киеви Украина ҷаласаи навбатии Шӯрои туризми кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар кори он аъзои Шӯро, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҷаласа рушди туризм дар кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар сурати тарғибу ташвиқи дуруст ва мақсадноки захираҳои туристии кишварҳои аъзо метавон шумораи бештари сайрхатҳоро ба кишварҳои аъзо ҷалб намуд.Бо ин мақсад пешниҳод гардид, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сайти туристии Шӯро ташкил ва маводи таблиғотии туристии кишварҳои аъзо ҷой дода шавад. Кишварҳои аъзои Шӯро табодули таҷрибаи якдигарро дар бахши омори туризм зарур шумориданд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки сайрхатҳои якҷояи туристии байни кишварҳои аъзо ба роҳ монда шаванд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳисси ватанпарастӣ, дидор аз мавзеъҳои таърихӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯён санаи 3 ноябри соли равон экскурсияи хонандагонро аз ҳисоби барандагони Стипендияи Президентӣ ва донишҷӯёни фаъол ба мавзеи таърихии «Қалъаи Ҳисор» ба роҳ мемонад. Бояд тазаккур дод, ки иқдоми мазкур метавонад дар таҳкими раванди худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастию ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Саломат Шарипова, мутахассиси пешбари бахши иттилоотию таҳлилии Кумита иттилоъ дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






