Сохтмони иншооти соҳаи иҷтимоӣ — фарҳангӣ дар 9 моҳ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2011 барои инкишофи сохтмони соҳаи иҷтимоӣ аз буҷа 1 млрд. 370, 5 млн. сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин муддат дар масоҳати умумии 439,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Мавриди истифода қарор додани хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти Суғд 169 ҳазор метри мураббаъ, дар вилояти Хатлон – 195,8, шаҳри Душанбе – 12,5 ва дар НТҶ 61,9 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ 95 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматиро аҳолӣ сохтааст. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ барои 6499 ҷойи нишаст мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта шуд. Дар ин давра сохтмони беморхонаҳо низ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






