Тағйироту иловаҳо ба се Кодекс

Октябрь 17, 2011 14:52

Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷаласаи  Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 17 октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баррасӣ гардиданд.Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»-ро баррасӣ намуданд.                  Лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2014 ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди муҳокимаи аъзо  қарор гирифтанд.Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонунҳо ҷиҳати баланд бардоштани вазъи зиндагии аҳолии кишвар муҳим буда, таҳия ва пешниҳоди чунин лоиҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба парлумон омили асосии рушди бахшҳои гуногуни ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Октябрь 17, 2011 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд