Зойирини тоҷик дар Арабистон бо шароити хуб таъминанд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Сафари ҳоҷиёни тоҷик ба шаҳрҳои муқаддаси Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара идома дорад. Имсол низ тибқи квотаи Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон 5 ҳазору 500 нафар ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф мегарданд. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ дар асоси шартномае, ки бо Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ба имзо расонидааст, дар шаҳрҳои Макка ва Мадина барои зиёрати ҳоҷиёни тоҷик тамоми шароитро муҳайё кардаанд, аз ҷумла ҳоҷиён бо беҳтарин ҷойи хоб дар меҳмонхонаҳо, се вақт хӯроки гарм ва нақлиёт таъмин мебошанд. Дар ҳар як меҳмонхона нуқтаҳои тиббӣ бо духтурони баландихтисос барои хизматрасонӣ омодаи коранд. Инчунин нуқтаҳои тиббӣ бо доруворӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ таъминанд. Роҳбаладон бо телефонҳои мобилӣ ва баландгӯяк таъмин буда, ҳар рӯз ҷаласаҳои ситоди кории Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҲҶТ дар мавриди ташкил ва баргузории маросими ҳаҷ гузаронида мешаванд. Дар онҳо корҳои ҳаррӯзаи анҷомдодашуда ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ мегарданд. Ба хотири дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими ҳаҷ аз ҷониби роҳбаладон ҳам дар хобгоҳ ва ҳам дар назди масҷидҳои шаҳрҳои Макка ва Мадина гурӯҳҳои навбатдор ташкил шудаанд. Дар ҳар як сӯҳбат ҳоҷиён шукронаи истиқлолият, ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро мекунанд, ки барои зиёрати онҳо тамоми шароитро муҳайё намудаанд. Ёдовар мешавем, ки сафари ҳоҷиен аз 11 — уми октябр оғоз шуда, то 29 — уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Аз ҷониби шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи хобгоҳи ҳоҷиён, ки дар мавзеъҳои беҳтарини шаҳрҳои Макка ва Мадина чойгиранд, шиорҳо бо навиштаҷоти «Ҳоҷиёни Тоҷикистон хуш омадед», «Ба шумо ҳаҷи мабруру мақбул хоҳонем насб гаштаанд. Рамзҳои миллӣ, парчам, нишон, акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, расми манзараҳои зебову нотакрори Тоҷикистон, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо шоҳи Арабистони Саудӣ, рафти ҷаласаву симпозиумҳо бо иштироки роҳбари давлат бахшида ба соли бузургдошти Имоми аъзам дар даромадгоҳи бинои мехмонхонаҳо ҷойи махсусро гирифтаанд. Баробари дидани ин манзараҳо шаҳрвандони Точикистон ифтихор аз ватану ватандорӣ ва роҳбари хирадпешаи хеш менамоянд. Боиси хушнудист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ соли дуюм аст, ки ҳоҷиёнро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – «ТоҷикЭйр» ва «СомонЭйр» интиқол медиҳанд. Мавсими «Ҳаҷ – 2011» идома дорад, аз рафти он иловатан хабар хоҳем дод. Иттилои мазкур аз Самариддини Айниддин, аз шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» дастрас гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






