Барфи аввал фаъолияти фурудгоҳро халалдор накард

Ноябрь 8, 2011 15:29

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Сард шудани ҳаво ва боридани барф барои кормандони техникии фурудгоҳи Душанбе ногаҳонӣ набуд, зеро Хадамоти обуҳавосанҷӣ боридани барфро пешгўӣ кард. Аз ин ҷост, ки кормандони хадамоти хизматрасонии  фурудгоҳ таҷҳизот ва мошинҳои махсусро пешакӣ дар ҳолати омодабош қарор доданд. Аз рўи барномаи таҳияшудаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 соли ҷорӣ аз ҷумҳурии Чин 20 адад таҷҳизот ва техникаи махсус, аз ҷумла  агрегати сайёри аэродромӣ,  мошинҳои барфрўби махсуси  «Донфенг» ва  «Синатрук»,  зинаҳо, автобуси хидматгузории «Неоплан», мошини борбардори махсус, ядак ва дигар таҷҳизоту мошинҳо харид шуд.  Моеи зиддияхбандӣ, ки барои коркарди ҳавопаймоҳо истифода мешавад, захира  шуда, ҳайати техникию муҳандисии фурудгоҳ курсҳои омода сохтан ва  истифода бурдани техникаи навро хонда, барои идораи техникаҳои фурудгоҳӣ аз курсҳои бозомўзӣ гузаштанд.Имрўз сарфи назар аз бориши барф  ҳавопаймоҳо пайи ҳам бо моеи зиддияхбандӣ коркард шуда, барои парвоз омода мешаванд.  Метавон гуфт, ки боридани барфи аввал фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Душанберо халалдор накард.

Ноябрь 8, 2011 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд