Барфи аввал фаъолияти фурудгоҳро халалдор накард
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Сард шудани ҳаво ва боридани барф барои кормандони техникии фурудгоҳи Душанбе ногаҳонӣ набуд, зеро Хадамоти обуҳавосанҷӣ боридани барфро пешгўӣ кард. Аз ин ҷост, ки кормандони хадамоти хизматрасонии фурудгоҳ таҷҳизот ва мошинҳои махсусро пешакӣ дар ҳолати омодабош қарор доданд. Аз рўи барномаи таҳияшудаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 соли ҷорӣ аз ҷумҳурии Чин 20 адад таҷҳизот ва техникаи махсус, аз ҷумла агрегати сайёри аэродромӣ, мошинҳои барфрўби махсуси «Донфенг» ва «Синатрук», зинаҳо, автобуси хидматгузории «Неоплан», мошини борбардори махсус, ядак ва дигар таҷҳизоту мошинҳо харид шуд. Моеи зиддияхбандӣ, ки барои коркарди ҳавопаймоҳо истифода мешавад, захира шуда, ҳайати техникию муҳандисии фурудгоҳ курсҳои омода сохтан ва истифода бурдани техникаи навро хонда, барои идораи техникаҳои фурудгоҳӣ аз курсҳои бозомўзӣ гузаштанд.Имрўз сарфи назар аз бориши барф ҳавопаймоҳо пайи ҳам бо моеи зиддияхбандӣ коркард шуда, барои парвоз омода мешаванд. Метавон гуфт, ки боридани барфи аввал фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Душанберо халалдор накард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






