Бонки «Эсхата» 17-сола шуд
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯзи таъсис ёфтани Бонки «Эсхата», ки яке аз бонкҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, 17 сол сипарӣ шуд. Дар оғози солҳои 90 – ум дар Хӯҷанди бостонӣ таъсис ёфтани Бонки «Эсхата» маънои ба яке аз марказҳои рушди кишвар табдил ёфтани онро дошт.Корхонаҳои калон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи вилояти Суғд ба туфайли ҳамкорӣ бо бонки «Эсхата тайи якчанд соли охир тавонистанд, ки чандин лоиҳаҳои рушди иқтисодиётро дар амал татбиқ намоянд.Мувофиқи маълумоти намояндаи бонки мазкур, дар ҳоли ҳозир сармояи он ба 72 миллион сомонӣ расида ва дар минтақаҳои гуногуни кишвар намояндагиҳои он ифтитоҳ меёбанд. То имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 14 намояндагӣ, 14 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 116 маркази интиқоли маблағ фаъолият доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






