«Донак» дар Хуҷанд
Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар, Музаффар Рустамов). -Аз 25 то 27 ноябри соли 2011 «Маркази манбаи фарҳанг ва ҳунар»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилояти Суғд Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак»-ро баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории фестивали телевизионӣ тавсеаи лаёқати эҷодии кӯдакону наврасон аз манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии ҳунару маҳорати онҳо дар арасаи байналмилалӣ мебошад. Дар даври аввали интихобӣ беш аз 200 нафар кӯдакони боистеъдоди аз 7-сола то 16-солаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок карданд. Баъди даври дуюми интихобӣ, ки дар вилояти Суғд доир шуд, 30 нафар иштирокчии даври ниҳоӣ муайян гардид. Онҳо дар консерти ҷашнии фестивал 18 баромад пешниҳод мекунанд. Дар фестивал беш аз 70 нафар кӯдакони боистеъдод аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






