«Фокус» купрӯк месозад ?
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додоев). – Чанд моҳ аст, ки намояндагони ташкилоти байналмилалии «Фокус» ба хотири бехатар гардонидани офатҳои табиӣ дар деҳоти ВМКБ корҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Корҳои омӯзишӣ дар деҳоти Бану, Рид, Эмс ва мавзеи Рози ноҳияи Рӯшон ташкил шудаанд. Кормандони «Фокус» бо мардуми ин маҳаллаҳо вохӯрда, оид ба офатҳои табиӣ, таърихи пайдоиш, давомнокӣ ва шакли онҳо сӯҳбат намуда, мавод ҷамъ меоранд ва мавзеъҳои хавфнокро ба навор мегиранд. Ба иттилои корманди масъули ташкилот Давлатназар Лайлиев, -онҳо аз рӯи маводи ҷамъшуда барномаи мукаммал таҳия намуда, пешниҳоди донорҳо мегардонанд. Дар айни замон дар 16 деҳаи ноҳияи Рӯшон чунин корҳои омӯзишӣ ташкил шудаанд. Аз ҷониби ташкилоти мазкур дар ноҳия бисёр корҳои хайр, аз қабили сохтмони купрӯкҳои мошингарду пиёдагард, аз санг тоза кардани дараҳои деҳот ва таъмиру сохтмони мактабҳо сомон дода шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






