Ганҷи Ванҷро барои ободӣ истифода бояд кард

Ноябрь 14, 2011 10:00

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти олими соҳаи геология ва минерологияи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Осколков. В.А, хосиятҳои ороишии мармарҳои Ағаҷал (Суғд), Кабудӣ (Варзоб), Даштак (Ванҷ), оҳаксанги мармардори Далёни Боло (Ғончӣ), грандиорити Мевагул (Хуҷанд), конгломерати рангаи Такслӣ (Мастчоҳ), оҳаксанги Навобод (Истаравшан) ва санги хорои Шайдон (Ашт) ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошанд.Ба ақидаи олим кони мармари сафеди Даштаки Ванҷ, ки дар канори шоҳроҳи Душанбе – Қалъаихумб – Хоруғ воқеъ аст, сафедии он ба коғази абрешимӣ рақобат мекунад.Дар даврони шӯравӣ ягона корхонаи коркарди мармар дар ноҳияи Ванҷ фаъолият дошт ва мармари коркардшудаи он рӯйпӯши баъзе истгоҳҳои метрои Маскав ва Санкт- Питербургро оро медод.Ҳоло ин корхона хусусӣ шуда, аз фаъолият мондааст. Ин корхонаро метавон бо ёрии ҳукумати ноҳия ва соҳибкорони он эҳё намуда, Ванҷро бо ин ганҷаш обод намуд. Дар сурати эҳёи корхонаи мармар аз даромади он нафақат буҷаи ноҳия, балки буҷаи ҷумҳурӣ низ миллионҳо сомонӣ фоида дида, даҳҳо қасру хиёбон ва куӯчаю майдонҳои пойтахт ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо зебу оро дода хоҳанд шуд. Ин дар суратест, ки айни замон сангҳои ороишии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард нашуда, сангҳои ороишии сифатан паст аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Ноябрь 14, 2011 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд