Гардиши савдои хориҷии ҶТ дар 10 моҳ
Душанбе, 11 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловрзод).- То 1 октябри соли 2011 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумули қувваи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 278,3 млн. доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 24,3 фоиз ё 640,9 млн. доллар зиёд аст.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 98 мамолики дунё, аз ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва 88 кишвари хориҷии дур муносибатҳои савдои хориҷӣ дорад,- иброз дошт директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар гардиши савдои хориҷии ҶТ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 1 млрд.465 млн.доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 1 млрд.813,8 млн. доллар рост меояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






