Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). 11 ноябри соли 2011 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Исломобод Мирослав Кренек мулоқот намуд. Тавре аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, З. Зубайдов оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар аксарияти соҳаҳо инкишоф меёбанд. Тибқи гуфтаҳои дипломати тоҷик гардиши мол дар байни ду кишвар ва ташкили корхонаҳои муштарак афзоиш меёбанд. Дар навбати худ, Сафири Чехия М. Кренек изҳор дошт, ки масъалаи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Чехия низ мавқеи муҳим дорад. Ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло низомиёни Чехия дар Афғонистон ҳузур доранд ва асосан ба омӯзонидани афсарону сарбозони он кишвар машғуланд. Ба қавли дипломати чех, муносибатҳои Чехия бо Покистон низ хуб аст.Сафири тоҷик ҳалли қазияи Афғонистон ва нақши Покистонро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуда, инчунин кӯмаку мусоидати тамоми кишварҳои дахлдорро дар барқарорсозии сулҳу субот дар минтақа таъкид сохт. Дар хотимаи сӯҳбат ҷонибҳо ба идомаи иртибот ва музокирот оид ба масъалаҳои муҳими минтақа омодагии худро изҳор доштанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






