Истеҳсоли 11 намуди ваксина ба роҳ монда шуд
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони Пажӯҳишгоҳи байторӣ дар баробари омӯзиши бемориҳои анъанавӣ ба таҳқиқи бемориҳои парранда, занбӯри асал ва моҳӣ оғоз намуда, натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд. Олимони Пажӯҳишгоҳ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ якчанд рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуда, ба ихтирои доруҳои нави зидди бемориҳои парранда муваффақ шуданд,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти Ҳ. Аҳмадов, олимони пажӯҳишгоҳи мазкур ва Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» дар ҳамкорӣ 11 намуди ваксинаро оид ба пешгирии касалиҳои чорво ихтироъ намуда, истеҳсоли онро ба роҳ монданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






