Кашфиёти олимони селексионери тоҷик
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти пажӯҳишгоҳи чорводорӣ, тайи даҳ соли охир олимони селексионери пажӯҳишгоҳи мазкур ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Дар филиали пажӯҳишгоҳ воқеъ дар вилояти Суғд насли нави бузе ба вуҷуд оварда шудааст, ки аз ҷониби селексионерони ватанию хориҷӣ ҳамчун зоти бузи серпашми тоҷикӣ дониста шуд. Селексияи нави бузи тоҷикӣ бо пашми хушсифати худ дар ҷаҳон ҳамто надорад.Ба иттилои манбаъ, зоти нави бузи тоҷикӣ дар баробари гӯшту шири парҳезӣ пашми пурқамати саноатӣ низ медиҳад. Дар сурати парвариши 100 ҳазор сар бузи селексияшудаи тоҷикӣ саноати бофандагии Тоҷикистон ҳар сол бо беш аз 500 тонна мӯинаи аълосифат таъсмин хоҳад шуд. Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ намуди нави зоти сиёҳалои говҳои тоҷикиро бо маҳсулнокии 5 – 7 ҳазор литр шир дар як сол ба вуҷуд оварда, таҳқиқотро ҷиҳати маҳсулнокии ирсии қутосҳои зарафшонӣ ба анҷом расонд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






