Муҳокимаи ташаккули заминаи шартномавию ҳуқуқӣ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 15 ноябри соли 2011 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Форуми 5-уми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Куриё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Ҷумҳурии Куриё Пак Сук-хван баргузор гардид.Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо масоили дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои ташаккули заминаҳои шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Агентии Куриё оид ба ҳамкории байналхалқӣ (KOICA), ҳамчунин таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро баррасӣ намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






