Пешниҳодҳо дастгирӣ меёбанд

Ноябрь 9, 2011 11:13

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 8 ноябр дар бўстонсарои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи  ҳаштуми  Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  доир гардид. Дар кори ҷаласа  муовини Сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон, вазири кишоварзӣ Қосимов Қ,Р.,  Рамси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати ҶТ Д.Саидов, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ,  аъзои Котиботи Шўрои машваратӣ ширкат варзиданд.Дар оғози ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъоляити Шўрои  машваратӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои зеринро ба иштирокчиёни ҷаласа пешниҳоди намуд: ҷараёни иҷрои қарорҳои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягўзорӣ, баррасии натиҷаи таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои давлат  ва бахши хусусӣ  бо мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, тадбирҳои афзун намудани  самараи иқтисодии соҳаи кишоварзӣ  ҷиҳати комёб гаштан  ба амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии яке аз масъалаҳои лоиҳаи рўзномаи кори ҷаласаи нуҳуми Шўрои машваратӣ.Дар атрофии масъалаи «Тадбирҳои афзун намудани самараи  иқтисодии соҳаи кишоварзӣ  ҷиҳати комёб гаштан  ба амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири кишоварзии Ҷўмҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов муфассал маърўза намуда, паҳлуҳои гуногунҷабҳаи соҳаи кишоварзиро ҳаматарафа таҳлил намуд. Инчунин оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва озод намудан  аз арзиши иловашуда  (ААИ) ҳангоми ворид намудани тухмии зироатҳои кишоварзӣ, чорво, парранда, нутфа, ҷанин, тухми инкубатсионӣ, таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ ва технологияи соҳаи чорводорӣ  ва паррандапарварӣ, нуриҳои минералӣ, пестисидҳо, таҷҳизот, техникаву технологияи кишоварзӣ  ва қисмҳои эҳтиётии он, инчунин  саноати коркарди  маҳсулоти кишоварзӣ   таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо нуриҳои минералӣ ва маводи кишоварзӣ пешниҳод намуд, ки онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд. Ин усул дар аксари кишварҳои ҷахон мавриди истифода қарор дорад. Дар баробари ин дар мавриди дастрасии деҳқон ба кредитҳои дарозмудатти камфоиз, техникаи кишоварзии лизингӣ ва дигар воситаҳои ёрирасони соҳавӣ барои боз ҳам самараноку фоидаовар истифода  намудани захираҳои замин ва гирифтани фоидаи бештар, пешниҳоди муфид ироа гардид. Зимни суханронии ҷамбастии худ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таклифу пешниҳодҳои вазири кишоварзиро  дастгирӣ намуда, сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки лоиҳаи қонунҳои дахлдорро дар якҷоягӣ бо вазорати кишоварзӣ ва ташкилотҳои дахлдор таҳия намуда, ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ноябрь 9, 2011 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд