Пешниҳодҳо дастгирӣ меёбанд
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – 8 ноябр дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳаштуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон, вазири кишоварзӣ Қосимов Қ,Р., Рамси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати ҶТ Д.Саидов, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аъзои Котиботи Шўрои машваратӣ ширкат варзиданд.Дар оғози ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъоляити Шўрои машваратӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои зеринро ба иштирокчиёни ҷаласа пешниҳоди намуд: ҷараёни иҷрои қарорҳои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягўзорӣ, баррасии натиҷаи таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, тадбирҳои афзун намудани самараи иқтисодии соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии яке аз масъалаҳои лоиҳаи рўзномаи кори ҷаласаи нуҳуми Шўрои машваратӣ.Дар атрофии масъалаи «Тадбирҳои афзун намудани самараи иқтисодии соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати комёб гаштан ба амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири кишоварзии Ҷўмҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов муфассал маърўза намуда, паҳлуҳои гуногунҷабҳаи соҳаи кишоварзиро ҳаматарафа таҳлил намуд. Инчунин оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва озод намудан аз арзиши иловашуда (ААИ) ҳангоми ворид намудани тухмии зироатҳои кишоварзӣ, чорво, парранда, нутфа, ҷанин, тухми инкубатсионӣ, таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ ва технологияи соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ, нуриҳои минералӣ, пестисидҳо, таҷҳизот, техникаву технологияи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он, инчунин саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо нуриҳои минералӣ ва маводи кишоварзӣ пешниҳод намуд, ки онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд. Ин усул дар аксари кишварҳои ҷахон мавриди истифода қарор дорад. Дар баробари ин дар мавриди дастрасии деҳқон ба кредитҳои дарозмудатти камфоиз, техникаи кишоварзии лизингӣ ва дигар воситаҳои ёрирасони соҳавӣ барои боз ҳам самараноку фоидаовар истифода намудани захираҳои замин ва гирифтани фоидаи бештар, пешниҳоди муфид ироа гардид. Зимни суханронии ҷамбастии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои вазири кишоварзиро дастгирӣ намуда, сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки лоиҳаи қонунҳои дахлдорро дар якҷоягӣ бо вазорати кишоварзӣ ва ташкилотҳои дахлдор таҳия намуда, ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






