Сӯҳбати телефонии Сарвари давлат бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо

Ноябрь 14, 2011 08:18

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 12 ноябр ба Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд. Дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи зиёд ба захираи маводи сўхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкили кори бонизоми онҳо дар мавсими сардӣ зоҳир карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда  ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ, тибқи ахбори роҳбарони онҳо, ин кор босуръат идома дорад.Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид  ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 14, 2011 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!